10 сентябри соли 2024 дар шаҳри Лондон Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ бахшида ба солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пазироии расмӣ ва намоишгоҳу гушаи фарҳангӣ ороста намуд.
Дар чорабинии бошукуҳ меҳмонони воломақом аз Ҳукумати Подшоҳӣ, Вазорати корҳои хориҷӣ, рушд ва Иттиҳод, вакилону лордҳои Парлумон, намояндагони дигар вазорату идораҳои кишвари маҳалли иқомат, корпуси дипломатии муқими Лондон, намояндагони бахши хусусӣ, матбуот, муассисаҳои илмӣ-фарҳангӣ ва ҳамватанони муқими Подшоҳии Муттаҳида ширкат варзиданд.
Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Муттаҳида Рухшона Эмомалӣ дар паёми шодбошии худ оид ба аҳаммияти Истиқлолияти давлатӣ, дастовардҳои мамлакат таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ карда, аз нақши афзояндаи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ, инчунин дар бораи дурнамо ва рушди ҳамкориҳои судманди дуҷониба байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Муттаҳида ёдовар шуд.
Пас аз анҷоми қисми расмии чорабинӣ аз ҷониби Сафорат намоиши муди тарроҳони маъруфи Тоҷикистон Хуршед Сатторов ва Умед Кучкалиев ташкил карда шуд, ки дар он меҳмонони пазироӣ бо либосҳои миллии тоҷикии чакан ва аз атласу адрас духташуда, аз ҷумла таърихи ғании пайдоиши нақшҳои гулдузӣ шинос шуданд. Гузашта аз ин, ҳунарманди шинохтаи тоҷик Муҳаммадвалӣ Орзуев бо ғиҷак табъи иштирокдоронро бо иҷрои мусиқии анъанавии тоҷикӣ болида намуд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan