24 августи соли 2024 дар Сафорати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон чорабинӣ оид ба муаррифии имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур намояндагони вазоратҳои умури хориҷа, мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва ҳунарҳои дастии Ҷумҳурии Исломии Эрон, намояндагони корпуси дипломатии муқими Теҳрон, Дабирхонаи Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ), муассисаи фарҳангии СҲИ, мудирони аршади соҳаи сайёҳии Эрон ширкат варзиданд.
Зимни баромад сафири Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ доир ба иқдомҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди соҳаи сайёҳӣ ва имконоту тавонмандиҳои сайёҳӣ дар ҷумҳурӣ маълумоти муфассалро ироа намуд.
Мушовири вазир ва мудири Идораи байналмилалии Вазорати мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва ҳунарҳои дастии Эрон Муҳаммад Қосимӣ ва роҳбарони ширкатҳои бузурги сайёҳии эронӣ бо қаноатмандӣ аз сатҳи робитаҳои гуногунҷанба миёни ду кишвар омодагии фаъолони ҳавзаи гардишгарии Эронро барои густариши бештари ҳамкориҳо, табодули таҷриба миёни мутахассисон ва баргузории чорабиниҳои муштарак изҳор намуданд.
Намояндагони ширкатҳои сайёҳии ватанӣ оид ба роҳандозии хатсайрҳои сайёҳӣ, таҷрибаи пешкаш намудани маҷмуи хизматрасониҳо ба меҳмонону сайёҳон маълумот дода, ҳавасмандии худро барои ташкили турҳои мутақобила баён намуданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ байни ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистону Эрон 3 санади ҳамкорӣ ба имзо расид.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan