16-23 августи соли 2024 дар шаҳри Душанбе дар арафаи ҷашни 33-солагии Истиқлолияти давлатӣ бахшида ба “Рӯзи ҷаҳонии Футбол”, ки аз ҷониби Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ пешниҳод шуда, бо қабули Қатъномаи махсуси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид эълон гардидааст, мусобиқаи футбол миёни воҳидҳои сохтории Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.
Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Шарифзода дар маросими ҷоизасупорӣ суханронӣ намуда, ҷоизаҳоро ба ғолибони мусобиқа тақдим намуд.
Дар мусобиқаи мазкур миёни 10 даста 23 бозӣ баргузор гардид.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan