Мулоқоти сафир бо Прокурори генералии Давлати Қатар

21.08.2024 16:28

21.08.2024.16.22.jpg

21 августи соли 2024 дар шаҳри Давҳа мулоқоти сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар Нурмурод Маҳмадалӣ бо Прокурори генералии Қатар Исо ал-Ҷуфолӣ ал-Нуаймӣ баргузор шуд.

Дар рафти суҳбат масъалаҳои густаришу таҳкими ҳамкориҳо байни прокуратураҳои генералии ду кишвар ва тавсеаи заминаи шартномавию ҳуқуқии муносибатҳои байнидавлатӣ дар соҳаҳои марбут ба расонидани ёрии мутақобилаи ҳуқуқӣ, табодули сафарҳои соҳавӣ ва дигар мавзуъҳои мубрами ҳамкориҳои судманди дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар ин замина, бо назардошти афзоиши хатару чолишҳои замони муосир, атрофи нақшаҳои минбаъдаи ҳамкориҳо, роҳҳои муборизаи муштарак алайҳи терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ, киберҷиноятҳо ва ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ табодули назар сурат гирифт.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим