Маросими табодули ёддоштҳо бо Сафири Олмон

26.07.2016 16:24

26 июли соли 2016 маросими табодули ёддоштҳо байни Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов ва Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Федеративии Олмон Ҳолгер Грен ҷиҳати бастани Шартнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар бораи ҳамкориҳои молиявӣ баргузор гардид.

Санади болозикр, ки пас аз табодули ёддоштҳо  қувваи амалӣ пайдо мекунад, баҳри татбиқи лоиҳаи «НБО-и хурди Мурғоб», ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Олмон маблағгузорӣ мегардад, равона шудааст.

Маросими табодули ёддоштҳо бо Сафири Олмон

Нигористон

Тақвим