Эълони озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ дар Вазорати корҳои хориҷӣ

24.07.2024 11:17

17.07.2024.18.11.jpg

 

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои ишғоли ҷойҳои кории холӣ озмун эълон менамояд

  • котиби сеюми шуъбаи ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратии раёсати ҳамкориҳои иқтисодии хориҷӣ  –  1 ҷой;
  • котиби сеюми шуъбаи ҷалби сармоя ва ҳамкорӣ бо ниҳодҳои молиявии раёсати ҳамкориҳои иқтисодии хориҷӣ  –  1 ҷой;
  • котиби сеюми  шуъбаи таҳияи сафарҳо ва маросимҳои раёсати ташрифоти давлатӣ – 1 ҷой;
  • котиби дуюми шуъбаи назорати коргузории раёсати иттилооти умумӣ ва алоқаи дипломатӣ  – 1 ҷой;
  • котиби дуюми  шуъбаи иттилооти умумии раёсати иттилооти умумӣ ва алоқаи дипломатӣ  – 1 ҷой.

Музди меҳнати заминавӣ барои мансаби котиби сеюм – 2320,00 сомонӣ;

Музди меҳнати заминавӣ барои мансаби котиби дуюм – 2560,25 сомонӣ;

 

Талаботи тахассусӣ барои довталабони ишғоли мансаби котиби дуюм

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

- 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;

- мавҷудияти малакаи хуби муошират бо aҳли чомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

-  донистани забони давлатӣ, русӣ ва як забони хориҷӣ дар сатҳи баланд;

- донистани муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, таърих ва фарҳанг, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии хизматчии давлатиро ба танзим медароранд;

-  маҳорати кор бо технологияҳои электронии муосир.

 

Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби котиби сеюм

  • таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
  • 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
  • мавҷудияти малакаи хуби муошират бо aҳли чомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
  • донистани забони давлатӣ, русӣ ва як забони хориҷӣ дар сатҳи баланд;
  • донистани муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, таърих ва фарҳанг, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии хизматчии давлатиро ба танзим медароранд;
  • маҳорати кор бо технологияҳои электронии муосир.

 

 Талаботи тахассусӣ барои баъзе аз мансабҳои маъмурӣ

- талаботи тахассусӣ барои мансаби котиби сеюми раёсати ҳамкориҳои иқтисодии хориҷӣ - таҳсилоти олии иқтисодӣ.

 

Талаботи иловагӣ нисбати ҳамаи довталабон

  • донистани асосҳои муносибатҳои байналмилалӣ, вазъи байналмилалӣ ва минтақавӣ;
  • донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ;
  • малакаи тартиб ва омода намудани ҳуҷҷатҳои таҳлилӣ;
  • малакаҳои иловагии касбӣ, донистани ҳолати кунунии иқтисодии  кишвар, равандҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ;
  • дониши ҳаматарафаи варзида дар робита ба ҳадафҳои стратегии кишвар;
  • унвони илмӣ, нашри мақолаҳои илмию тахассусӣ ва маводҳои таҳлилӣ (афзалият дода мешавад).

 

Рӯйхати ҳуҷҷатҳои лозима барои иштирок дар озмун

1. Ариза оид ба ишғоли ҷойҳои кории холӣ ба номи вазири корҳои хориҷӣ (Word);

2. Варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (Word);

3. Тарҷумаи ҳол (Word);

4. 2 дона акси рангаи андозаи 4,5 х 6,5;

5. Нусхаи шиносномаи умумишаҳрвандӣ;

6. Нусхаи ҳуҷҷатҳо оид ба маълумоти олӣ, такмили ихтисос ва унвони илмӣ (нусхаи диплом, шаҳодатнома ва ғ.);

7. Нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);

8. Маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли №038 (тибқи тартиби муайянгардида);

9. Нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;

10. Маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;

11. Тавсифнома аз ҷойи кор (аз муассисаи таълимӣ);

12. Маълумотнома оид ба таъқиби ҷиноятӣ (доғи судӣ, суд шудан, рад ё қатъ кардани парвандаи ҷиноятӣ);

13. Нусхаи шаҳодатномаи ақди никоҳ/талоқ;

14. Нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);

15. Гувоҳинома (сертификат) дар бораи донистани забони хориҷӣ.

 

Номгӯи саволҳои эҳтимолӣ барои озмун (PDF)

 

Дастурамалҳои мансабӣ (PDF):

 

Котиби дуюми  шуъбаи иттилооти умумии раёсати иттилооти умумӣ ва алоқаи дипломатӣ

Котиби дуюми шуъбаи назорати коргузории раёсати иттилооти умумӣ ва алоқаи дипломатӣ

Котиби сеюми шуъбаи ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратии раёсати ҳамкориҳои иқтисодии хориҷӣ

Котиби сеюми шуъбаи ҷалби сармоя ва ҳамкорӣ бо ниҳодҳои молиявии раёсати ҳамкориҳои иқтисодии хориҷӣ

Котиби сеюми  шуъбаи таҳияи сафарҳо ва маросимҳои раёсати ташрифоти давлатӣ

 

Эзоҳ:

Довталабоне, ки забони давлатӣ, русӣ ва яке аз забонҳои хориҷиро дар сатҳи баланд намедонанд ва бастаи ҳуҷҷатҳоро пурра пешниҳод намекунанд, ба озмун роҳ дода намешаванд.

Ҳуҷҷатҳо то санаи 13 августи соли 2024 қабул карда мешаванд.

Суроға: ш. Душанбе, кӯчаи Шероз 33

Телефонҳо барои гирифтани маълумоти иловагӣ:

221-15-61,  221-15-16,  227-54-56

Нигористон

Тақвим