Брифинг оид ба Ҳамоиши Таъмини дастрасии ҳамагонӣ ба об ва санитария дар ш. Ню Йорк

11.07.2016 08:57

8 июли соли 2016 бо ташаббуси Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ дар бинои Намояндагӣ дар ш. Ню-Йорк брифинг оид ба Ҳамоиши байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳадафи шашуми рушди устувор ва вазифаҳои марбута таҳти унвони “Таъмини дастрасии ҳамагонӣ ба об ва санитария” (Душанбе, 9-11 августи 2016) баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур Намояндагони доимии як қатор кишварҳои аъзои СММ (Финландия, Непал, Танзания, Тонга, Марокаш, Гамбия, Тайланд, Маурис, Боливия, Фиҷӣ), Фиристодагони махсуси кишварҳои СММ оид ба Панели сатҳи баланди вобаста ба масъалаҳои об (Нидерланд, Маҷористон, Австралия, Бангладеш, Африқои Ҷанубӣ) ва намояндагони Департаменти СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ (UNDESA) ширкат намуданд.

Брифингро Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ ифтитоҳ намуда, Муовини аввали Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон/Фиристодаи вежаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Панели сатҳи баланди вобаста ба масъалаҳои об Султон Раҳимзода ба таваҷҷуҳи меҳмонон маълумоти муфассалро роҷеъ ба Ҳамоиши болозикр расонида,  изҳори умедворӣ намуд, ки Ҳамоиши Душанбе барои баррасии масъалаҳои дарёфти роҳҳои иҷрои ҳадафи шашуми рушди устувор ва вазифаҳои вобаста ба он замина фароҳам хоҳад овард. С. Раҳимзода инчунин ба тамоми саволҳо ва пешниҳодҳои ҷамъомадагон посух дод.

Брифинг оид ба Ҳамоиши Таъмини дастрасии ҳамагонӣ ба об ва санитария дар ш. Ню Йорк

Нигористон

Тақвим