5 июни соли 2024 дар Бейрут Раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Лубнон Набиҳ Мустафо Берри сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Лубнон Зубайдулло Зубайдзодаро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба роҳҳои таҳкими ҳамкорӣ байни мақомоти қонунгузори ду кишвар табодули афкор намуданд. Дар ин замина, зарурати таъсиси Гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонӣ ва ба роҳ мондани ҳамкорӣ байни куматиҳои Парламентҳои ду кишвар таъкид гардид.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan