Иштирок дар ЭКСПО-и фарҳангии шаҳри Лондон

20.05.2024 17:18

18 майи соли 2024 ЭКСПО-и фарҳангии шаҳри Лондон бахшида ба Рӯзи байналмилалии гуногунии фарҳангӣ баргузор гашт.  

Дар ҳошияи ЭКСПО аз ҷониби Сафорат намоиши муд ташкил карда шуд, ки дар он либосҳои миллии тоҷикӣ, чакан ва атласу адрас ба меҳмонон намоиш дода шуда, оид ба таърихи ғании пайдоиши нақшҳои гулдӯзӣ маълумот пешкаш гардид. Гузашта аз ин, ҳунарманди тоҷик бо дутор табъи иштирокдоронро бо иҷрои мусиқии анъанавии тоҷикӣ болида намуд.

Ҳамчунин дар ҳошияи ЭКСПО Сафорат гушаи фарҳангии миллиро оро дод, ки дар он сару либосҳои миллӣ, сузанию кундал ва асбобҳои мусиқии миллӣ ба намоиш гузошта шуда, ба тамошобинон маълумот оид ба таъриху фарҳанги ғании тоҷикон пешкаш гардид.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

 

Нигористон

Тақвим