4-5 майи соли 2024 дар шаҳри Банҷули Ҷумҳурии Гамбия Саммити Созмони ҳамкории исломӣ (СҲИ) баргузор гардид. Муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исматулло Насредин ҳайати Тоҷикистонро дар саммити мазкур роҳбарӣ ва суханронӣ кард.
Дар Саммити исломӣ масъалаҳои вобаста ба вазъи кунунӣ дар кишварҳои ҳавзаи СҲИ, алалхусус вазъи феълӣ дар Фаластин, муборизаи дастаҷамъона бо таҳдидҳо ва чолишҳои муосир, ба мисли терроризму экстремизм ва дигар қазияҳои мубрами байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Аз натиҷаи кори Саммит Эъломияи Банҷул қабул гардид.
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan