21 апрели соли 2024 роҳбари Дафтари амнияти миллии Фармондеҳии минтақавии Ҷумҳурии Арабии Сурия Кифоҳ Мулҳим сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзодаро дар шаҳри Димишқ ба ҳузур пазируфт.
Зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи амният байни Тоҷикистону Сурия ва баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон аз ин кишвар ба Ватан мавриди баррасӣ қарор гирифта, перомуни вазъияти Ховари Миёна табодули афкор сурат гирифт.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan