Мулоқоти сафир бо вазири корҳои дохилии Сурия

23.04.2024 14:44

21 апрели соли 2024 зимни сафари корӣ ба Димишқ мулоқоти сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зубайдулло Зубайдзода бо вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Арабии Сурия Муҳаммад Холид Раҳмун доир гардид.

Зимни вохӯрӣ масъалаҳои баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон ба Ватан, тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба дар самти мубориза бо терроризми байналмилалӣ ва роҳандозии ҳамкориҳо байни сохторҳои соҳавии ду кишвар баррасӣ гардида, атрофи вазъи амниятии минтақа ва ҷаҳон табодули афкор сурат гирифт.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

 

Нигористон

Тақвим