Муаррифии зарфиятҳои иқтисодии Тоҷикистон дар Бушаҳри Эрон

23.04.2024 14:42

20 апрели соли 2024 сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Низомиддин Зоҳидӣ зимни сафари корӣ ба устони Бушаҳри Эрон бо устондор (раиси вилоят)-и Бушаҳр Аҳмад Муҳаммадизода мулоқот намуд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо доир ба роҳандозии ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва саноативу кишоварзӣ миёни устони Бушаҳр ва Тоҷикистон табодули афкор намуданд. Ҳамчунин ҷонибҳо масъалаи бақарор намудани робитаҳои бародаршаҳрӣ миёни Бушаҳр ва яке аз минтақаҳои Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар доираи сафари мазкур сафир ҳамчунин бо раиси Утоқи бозаргонӣ, саноат, кишоварзӣ ва тиҷорати устони Бушаҳр вохӯрӣ ва нишасте бо фаъолони иқтисодии Бушаҳр доир намуд, ки дар он зарфиятҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва муҳити сармоягузории Тоҷикистон муаррифӣ гардида, фаъолони иқтисодии Бушаҳр рағбати худро барои ҳамкориҳои иҷтисодӣ ва сармоягузорӣ бо кишвари мо изҳор карданд.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим