Котиби давлатии Британияи Кабир оид ба корҳои хориҷӣ, Иттиҳод ва рушди Британияи Кабир вориди Тоҷикистон шуд

22.04.2024 08:14

22 апрели соли 2024 Котиби давлатии Британияи Кабир оид ба корҳои хориҷӣ, Иттиҳод ва рушди Британияи Кабир лорд Дэвид Кэмерон вориди Тоҷикистон шуд. Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ӯро муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ Исматулло Насредин ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.

Интизор меравад, ки дар чаҳорчӯби ин сафар ӯро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур пазируфта, бо вазири корҳои хориҷӣ низ вохӯрӣ анҷом диҳад. Ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои ду кишвар ва масоили минтақавиро баррасӣ хоҳанд кард.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим