16 апрели соли 2024 муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исматулло Насредин роҳбари ҳайати ташхискунандагони кишварҳо, иқтисодчии пешбари минтақавии Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд барои Осиёи Марказӣ Эрик Ливниро ба ҳузур пазируфт.
Зимни вохӯрӣ байни ҷонибҳо роҷеъ ба афзалиятҳо ва тавсеаи ҳамкории минтақавӣ дар соҳаҳои иқтисодию тиҷоратӣ, шартномавӣ-ҳуқуқӣ ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак табодули афкор сурат гирифт.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan