13 июни соли 2016 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов Намояндаи вежаи Дабири кулли СММ, Роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи боздоранда барои Осиёи Марказӣ (UNRCCA) Петко Драгановро ба ҳузур пазируфт.
Зимни мулоқот масъалаҳои равобити Тоҷикистон бо Маркази мазкур, ҳамкориҳои минтақавӣ дар соҳаҳои мубориза бо хариду фурӯши одамон, гирдиши ғайриқонунии маводи мухаддир, терроризму ифротгароӣ, инчунин таҳкими амнияти сарҳад ва мудирияти захираҳои об мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
