13 июни соли 2016 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Ёвари Дабири кулли СММ ва Директори минтақавии Барномаи рушди СММ (БРСММ) барои кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ Ҷиҳан Султоноғлу мулоқот кард.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва БРСММ, аз ҷумла таҳия ва қабули стратегияи нави рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030 ва гузаронидани Ҳамоиши байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳадафи шашуми рушди устувор ва вазифаҳои вобаста ба он таҳти унвони “Таъмини дастрасии ҳамагонӣ ба об ва санитария”-ро, ки 9-11 августи 2016 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, мавриди баррасӣ қарор доданд.