Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) ташкилоти байналмилалӣ-минтақавӣ буда, соли 2002 дар заминаи Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (15 майи соли 1992) таъсис дода шудааст. Кишварҳои узви СААД Ҷумҳурии Арманистон, Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Ҷумҳурии Ӯзбекистон аъзогии худро дубора 16 августи соли 2006 барқарор кард, вале соли 2012 маротибаи дуюм фаъолияти худро дар Созмони мазкур боздошт.
СААД созмони ҳарбӣ-сиёсӣ буда, хусусияти мудофиавӣ дорад ва барои ҳамроҳ шудани аъзои нав, ки пайрави ҳадафҳо ва принсипҳои он мебошанд, кушодааст. Созмон дар асоси эҳтироми истиқлолият, иштироки ихтиёрӣ, баробарҳуқуқӣ ва ӯҳдадориҳои кишварҳои узв, дахолат накардан ба корҳои дохилие, ки ба салоҳияти қонунгузории миллии кишварҳои узв вобаста аст, фаъолияти худро ба роҳ мондааст.
Таҳкими сулҳ, амният, суботи байналмилалӣ ва минтақавӣ, ҳимояи истиқлолият, тамомияти арзӣ ва соҳибихтиёрии кишварҳои узв, ҳадафҳо ва принсипҳои асосии Созмон эътироф карда шудаанд ва ҷиҳати дастёбӣ ба онҳо, кишварҳои узви Созмон ба истифодаи воситаҳои сиёсӣ афзалият медиҳанд. Кишварҳои узви СААД мавқеи сиёсати хориҷии худро нисбати мушкилоти амнияти байналмилалию минтақавӣ мувофиқа ва ҳамоҳанг мекунанд ва пеш аз ҳама аз абзорҳои машваратӣ истифода мебаранд ва саъю кӯшишҳои худро дар мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ, экстремизми динӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва психотропӣ, аслиҳа, ҷинояти муташаккилонаи фаромарзӣ, муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва дигар таҳдидҳои амнияти кишварҳои узвро муттаҳид месозанд.
Тибқи Оинномаи СААД сохтори ин созмон иборат аст аз:
- Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ (ШАД) – мақоми олии Созмон буда, аз сарони кишварҳои узв иборат аст. Масъалаҳои бунёдии фаъолияти Созмонро баррасӣ намуда, қарорҳоеро қабул менамояд, ки ҳадаф ва вазифаҳои онро амалӣ мекунанд, инчунин ҳамоҳангсозӣ ва фаъолияти муштараки кишварҳои узвро барои расидан ба ин ҳадафҳо таъмин менамояд. Ҷаласаҳои ШАД дар кишварҳои узв дар ҳолати зарурат бо навбат ва на камтар аз як маротиба дар як сол баргузор карда мешаванд;
- Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ (ШВКХ) – мақомоти машваратӣ ва иҷроияи СААД оид ба масъалаҳои ҳамоҳангсозии ҳамкории кишварҳои узв дар соҳаи сиёсати хориҷӣ мебошад;
- Шӯрои вазирони мудофиа (ШВМ) – мақомоти машваратӣ ва иҷроияи СААД оид ба масъалаҳои ҳамоҳангсозии ҳамкории давлатҳои аъзо дар соҳаи сиёсати ҳарбӣ, рушди иқтидори ҳарбӣ ва ҳамкориҳои ҳарбию техникӣ мебошад.
- Кумитаи котибони шӯрои амният (ККША) – мақомоти машваратӣ ва иҷроияи СААД оид ба масъалаҳои ҳамоҳангсозии ҳамкории давлатҳои аъзо дар соҳаи таъмини амнияти миллии онҳо мебошад.
- Дабири кулли СААД шахси вазифадору олимақоми маъмурияти Созмон буда, Котиботи СААД-ро роҳбарӣ мекунад.
- Котиботи СААД мақомоти корию доимиамалкунандаи Созмон буда, бо мақсади таъмини фаъолияти ташкилотӣ, иттилоотӣ, таҳлилӣ ва машваратии сохторҳои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ таъсис дода шудааст.
- Ситоди муттаҳидаи СААД – сохтори доимамалкунандаи кории Созмон ва Шӯрои вазирони мудофиаи СААД буда, барои омода намудани пешниҳодот ва татбиқи қарорҳои СААД оид ба ҳамкории ҳарбӣ ҷавобгӯ мебошад.
Қобили зикр аст, ки 2 декабри соли 2004 Маҷмаи Умумии СММ қатънома дар бораи ба СААД додани мақоми нозир дар Ассамлеяи Генералии СММ қабул намуд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон густариши ҳамкории фарогирро бо ҳамёрони худ ҷиҳати таҳкими амнияти милливу давлатӣ аз самтҳои авлавиятноки сиёсати хориҷии кишвар мешуморад ва узвияташро дар СААД посухгў ба манфиатҳои миллӣ медонад. Фаъолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чаҳорчўби ин Созмон ҳадафи эҷоди василаҳои самарабахши мубориза бар зидди таҳдидҳои ҷаҳони муосирро пайгирӣ мекунад. Аз ин рў, узвияти кишвар дар Созмон аз омилҳои муҳими таъмини амнияти кишвар ва ҳифзи субот дар минтақа маҳсуб мешавад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвар-асосгузори СААД, дар тули таърихи фаъолияти Созмон барои густаришёбии ва таъмини амнияти дастаҷамъӣ дар минтақаи масъулияти СААД саҳми назаррас гузоштаааст. Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон солҳои 2003, 2007, 2015 ва 2021 раёсатро дар СААД ба уҳда дошт.
Яке аз руйдоди муҳими давраи раёсати Тоҷикистон дар СААД ин 23 августи соли 2021 таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардидани иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои амнияти дастҷамъӣ мебошад.
Қобили қайд аст, ки дар давраи раёсати ҷорӣ бори нахуст Консепсия раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар солҳои 2020-2021-ро таҳия шуда, аз ҷониби Президенти кишвар тасдиқ гардидаст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои фаъол намудани раванди ҳамгароии ҳарбию сиёсии давлатҳои аъзо ва ҳамоҳангсозии иқтидори онҳо, такмили соҳаи сиёсати ҳарбӣ ва рушди минбаъдаи ҳамкориҳои ҳарбию техникии давлатҳои аъзоро вазифаҳои наздиктарин ва мӯҳимтарини Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ меҳисобад.