Иштироки вазири корҳои хориҷӣ дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии об

23.03.2024 12:37

22 марти соли 2024 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин, дар чорабинии сатҳи баланд зери унвони “Таҷлили Рӯзи ҷаҳонии об 2024: Нигоҳ доштани суръати пешравиҳо” дар қароргоҳи СММ дар Ню-Йорк иштирок ва суханронӣ намуд.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар рафти суханронии худ аҳаммияти вокуниш ба мушкилот дар самти дастрасӣ ба оби нӯшокӣ дар ҷаҳон, саривақт андешидани тадбирҳои байналмилалии ҳамоҳангшуда, инчунин роҷеъ ба ҳамкории дастаҷамъона дар соҳаи обро таъкид кард.

Аз ҷумла ӯ иброз дошт, ки иҷрои ӯҳдадориҳои зимни Конфронси оби СММ-2023 гирифташуда талошҳои муштарак ва ҳамкории дастаҷамъонаи ҷомеаи ҷаҳониро тақозо менамояд ва дар ин радиф истифодаи инноватсия, ба роҳ мондани ҳамкории фарогир ва шарикии бахшҳои давлатӣ ва хусусӣ нақши назаррас доранд.

Дар фарҷоми баромади худ, С. Муҳриддин аз ҳозирин ҷиҳати иштирок дар 3-юмин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” (10-13 июни 2024, Душанбе) даъват ба амал овард.

Қобили зикр аст, ки чорабинии мазкур ба мақсади баррасии маҷмуи масъалаҳои марбут ба рӯзномаи об, алалхусус пайгирии ӯҳдадориҳои ихтиёрӣ зимни Конфронси оби СММ-2023 бадастомада ва матраҳ намудани истифодаи муштараки платформаҳои сатҳи байналмилалии мавҷуда дар соҳаи об ташкил гардид.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan


Созмони Миллали Мутаҳид

Нигористон

Тақвим