Тоҷикистон ва Бунёди байналмилалии наҷоти Арал

01.03.2013 10:10

Тоҷикистон аз рӯзи аввали (26уми марти с.1993) таъсисёбии Бунёди байналмилалии наҷоти Арал (ББНА) ҳамчун кишвари ташаббускор дар қатори дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ узви фаъоли ин созмон мебошад. Қобили зикр аст, ки аз ибтидо мақсад аз таъсис додани ББНА, пеш аз ҳама, бартарафсозии буҳрони экологӣ ва беҳдошти вазъи иҷтимоию иқтисодӣ дар ҳавзаи баҳри Арал буд, ки батадриҷ пастшавии сатҳи онро, ҷомеаи ҷаҳонӣ яке аз фоҷеаҳои асри ХХ арзебӣ менамояд.

Бояд тазаккур дод, ки таъсисдиҳандагони ББНА кишварҳои Осиёи Марказӣ - Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон мебошанд.

Кумитаи иҷроияи ББНА дар асоси ивазшавӣ фаъолият намуда, роҳбарӣ дар ББНА аз як кишвар ба дигар мегузарад.

Дар солҳои 2010-2013 раисӣ дар ББНА ба зиммаи Қазоқистон буда, дар моҳи майи соли 2013 дар рафти конфронси илмию амалӣ бахшида бо 20-солагии ББНА, ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон супорида шуд.

Кӯшишу иқдомҳо ва ташаббусҳои пайвастаи роҳбарияти Тоҷикистон ҷиҳати тавсеаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва фарогири манфиатҳои ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки дар доираи Бунёди байналмилалии наҷоти Арал (ББНА) татбиқ мешавад, таҷассумгари сиёсати хайрхоҳона ва ҳусни ҳамҷаворист.

Фаъолияти ин созмон, махсусан дар солҳои 2002-2008 дар рафти раисии Тоҷикистон пурсамар арзёбӣ мегардад. Дар ин марҳила ББНА фаъолияти худро ҳамчун як сохтори ҳамоҳангсози байнидавлатӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ идома дода, барои ҳалли масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва татбиқи нақшаҳои тарҳрезишуда, инчунин таҳкими ҳамкориҳо байни кишварҳои Осиёи Марказию созмонҳои байналмилалӣ ва институтҳои молиявӣ кӯшишу иқдомҳои зиёд ба харҷ дод.

Умуман, дар давраи раисии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ББНА санадҳои зиёди дорои аҳамияти муҳим ба имзо расонида шуд. Масалан, Эъломияи Душанбегии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ (6 октябри с.2002) ба имзо расид, ки чунин бандҳои муҳимро доро мебошад:

  • Солимгардонии минбаъдаи иҷтимоию экологӣҷиҳати беҳдошти аҳолии минтақаи соҳили баҳри Арал;
  • Баланд бардоштани нақши Кумитаи иҷроияи ББНА ва ҷалби донорҳо барои татбиқи лоиҳаю барномаҳо;
  • Фароҳамсозии шароити мусоид барои ҷалби созмонҳои байналмилалӣ, институтҳои молиявӣ ва татбиқи амалии барномаҳои ба нақша гирифташуда;
  • Таъсиси Комиссияи махсуси СММ ва ҳамоҳангсозӣ бо созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои донор барои ҳалли масъалаҳои ҳавзаи баҳри Арал.

Дар ин марҳила бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ББНА ва қарори Раёсати он аз 28-уми августи соли 2003 Маркази минтақавии гидрологӣ ташкил шуд, ки фаъолияти он ҷиҳати беҳтар намудани сохти мониторинги захираҳои обии панҷ давлати Осиёи Марказӣ мувофиқи стандартҳои байналмилалӣ равона шудааст.

Кумитаи иҷроияи ББНА дар доираи ҳамкориҳои бисёрҷонибаи худ соли 2004 бо Комиссияи аврупоии иқтисодии СММ ва Комиссияи СММ дар Осиё ва Уқёнуси Ором, Институти байналмилалии идораи захираҳои об, Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ЕврАзЭ) созишномаҳо ба имзо расонида, соли 2008 аъзои Шӯрои ҷаҳонии об гардид.

Дастовардҳои бузурги Тоҷикистон дар самти мазкур ин, бешубҳа, ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани соли 2003-юм ҳамчун Соли байналмилалии оби тоза ва Даҳсолаи байналмилалии «Об барои ҳаёт (2005-2015)» мебошад, ки аз ҷониби Ассамблеяи кулли СММ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирии комил ёфт.

Ҳамчунин, ҷиҳати татбиқи амалии ин ташаббусҳои муҳим, дар марҳилаҳои гуногун чорабиниҳои байналмилалии зерин доир гардиданд:

- Конфронси байналмилалӣ оид ба оби тоза (ш.Душанбе, 29 август – 1 сентябри с.2003);

-Конфронси байналмилалии ҳамкории минтақавӣ оид ба дарёҳои фаромарзӣ (ш.Душанбе, 30 май - 1июни с.2005);

- Конфронси байналмилалӣ оид ба бартараф намудани фоҷеаҳои марбут ба об (27-28 июни с.2008);

- Конфронси байналмилалӣ дар доираи даҳсолаи «Об барои ҳаёт 2005-2015» (ш. Душанбе 8-10 июни соли 2010).

Ҳуҷҷатҳое, ки дар ББНА қабул шудаанд, заминаҳои рушди минбаъдаи раванди мусбии ҳалли мушкилоти обии минтақавӣ, минтақаҳои хурд ва глобалӣҳамчун омили мӯътадилсозии равандҳои таназзулӣ дар ҳавзаи баҳри Арал арзёбӣ мегарданд.

 

Нигористон

Тақвим