Мулоқот бо Директори Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон

25.05.2016 14:45

25 майи 2016 мулоқоти Муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Н. Зоҳидӣ бо Директори Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон Питер Микула вобаста ба анҷоми фаъолияти кории ӯ дар Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар баробари ин, ҷониби Швейтсария Директори нави Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ хонум Валбурга Рооссро шинос намуд.

Зимни вохӯрӣ раванд ва дурнамоии ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Швейтсария ва дигар масъалаҳо мавриди эҳтимоми тарафайн қарор гирифт. 

Н. Зоҳидӣ ба П. Микула барои саҳмаш дар таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба изҳори ташаккур намуда, ба фаъолияти хонум Валбурга Роосс дар Тоҷикистон комёбиҳо орзу намуд.

Нигористон

Тақвим