Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

24.05.2016 10:05

24 майи соли 2016 дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулазиз Комилов доир гардид.

Зимни мулоқот миёни вазирони корҳои хориҷӣ оид ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон табодули афкор сурат гирифта, мавзӯи ҳамкориҳои ду давлат дар ҳошияи СҲШ баррасӣ гардид.

Қайд карда шуд, ки Тоҷикистон ҷиҳати рушди фарогир ва мунтазами ҳамкориҳо бо Ӯзбекистон ба ҳайси ҳамсояи наздиктарини худ, дар заминаи ҳусни эътимоди тарафайн манфиатдор аст.

Дар вохӯрии Сироҷидин Аслов ва Абдулазиз Камилов ҳамчунин масъалаҳои марбут ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисод, нақлиёту коммуникатсия ва фарҳангию гуманитарӣ баррасӣ гардиданд.

Нигористон

Тақвим