5 марти соли 2024 зимни сафари корӣ ба Бағдод мулоқоти сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ироқ Зубайдулло Зубайдзода бо раиси Комиссияи миллии сармоягузории Ироқ Ҳайдар Муҳаммад Маккия доир гардид.
Дар мулоқот ҷонибҳо ҳамкории Тоҷикистону Ироқ дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, роҳандозии ҳамкорӣ байни ниҳодҳои сармоягузории ду кишвар, таъсиси Шурои соҳибкорон, баргузории бизнес-форуми соҳибкорон ва табодули сафарҳои ҳайатҳои тиҷориро мавриди муҳокима қарор доданд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan