Мулоқот бо раиси Утоқи бозаргонӣ, саноат, маъдан ва кишоварзии Эрон

28.02.2024 11:51

28.02.2024.11.49.jpg

24 феврали соли 2024 сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Низомиддин Зоҳидӣ бо раиси Утоқи (Палатаи) бозаргонӣ, саноат, маъдан ва кишоварзии Ҷумҳурии Исломии Эрон Самад Ҳасанзода мулоқот намуд.

Зимни мулоқот масъалаҳои тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи иқтисодиву тиҷоратӣ, ҷалби ширкатҳову сармоягузорони эронӣ ба татбиқи лоиҳаҳои иқтисодӣ дар Тоҷикистон ва иштироки фаъолони иқтисодии ду кишвар дар чорабиниҳои тиҷоративу иқтисодӣ дар Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим