Брифинг дар бораи дастовардҳои иқтисодӣ-иҷтимоии Тоҷикистон дар соли 2023 ва имкониятҳои сармоягузорию сайёҳии кишвар

27.02.2024 16:13

27 феврали соли 2024 таҳти роҳбарии муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон И.Насредин брифинг дар бораи дастовардҳои иқтисодӣ-иҷтимоӣ дар соли 2023 ва имкониятҳои сармоягузорию сайёҳии Тоҷикистон барои роҳбарони намояндагиҳои дипломатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва ниҳодҳои байналмилалии молиявии муқими шаҳри Душанбе баргузор карда шуд.

Дар рафти брифинг муовини вазири рушди иқтисод ва савдо А.Нуриддинзода, муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Х.Қодир ва муовини раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ З.Салимзода ба ҳозирин роҷеъ ба дастовардҳои иқтисодӣ-иҷтимоӣ, рафти татбиқи барномаҳои давлатӣ ва ҳадафҳои стратегӣ, инчунин самтҳои афзалиятноки сармоягузорӣ ва имкониятҳои сайёҳии кишвар рӯнамо намуда, оид ба нақшаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои оянда маълумот манзур намуданд.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим