Мулоқоти вазири корҳои хориҷӣ бо намояндаи вежаи дабири кулли СММ оид ба Осиёи Марказӣ

27.02.2024 15:10

27.02.2024.15.08.jpg

27 феврали соли 2024 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин намояндаи вежаи дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи боздоранда барои Осиёи Марказӣ (UNRCCA) Каха Имнадзеро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории бисёрҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Марказ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҷонибҳо алоқамандии хешро ба таҳкиму тавсеаи ҳамкориҳои Тоҷикистон бо СММ дар самту соҳаҳои мухталиф, аз қабили таъмини сулҳу суботи ҷаҳонӣ, мубориза бо таҳдиду чолишҳои муосири амниятӣ, ҳифзи муҳити зист, таъмини рушди устувори ҷомеа, ҳифзу мудирияти захираҳои об баён намуданд.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

 

Нигористон

Тақвим