Супоридани эътиборнома ба Президенти Африкаи Ҷанубӣ

17.05.2016 11:44

13 майи 2016 дар Претория Сафири Фавқулъода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар Ҷумҳурии Африкаи Ҷанубӣ Хусрав Нозирӣ, ки қароргоҳаш дар Қоҳира аст, эътиборномаи худро ба Раиси Ҷумҳурии Африкаи Ҷанубӣ Ҷейкоб Зума супорид. Сафири кишвари мо инчунин ба Президенти Ҷумҳурии Африкаи Ҷанубӣ дуруду паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмонро расонида, таъкид намуд, ки Сарвари давлати мо ба кишвар ва мардуми Ҷумҳурии Африкаи Ҷанубӣ сулҳу оромӣ, рушду пешрафт ва рафоҳу шукуфоиро орзу карда, хостори густариши ҳарчи бештари муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни ду кишвар мебошад.

Дар таърихи муносибатҳои дипломатии ду кишвар ин бори нахуст аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон сафири ғайримуқими худро дар Ҷумҳурии Африкаи Ҷанубӣ таъйин мекунад.

 
 

Нигористон

Тақвим