9 феврали соли 2024 сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ардашер Қодирӣ бо муовини Сарвазир – вазири тиҷоратии Шоҳигарии Тайланд Фумтам Вечайачай мулоқот намуд.
Дар мулоқот таваҷҷуҳи зиёд ба масъалаҳои тақвияти муносибатҳои тиҷоратӣ ва фароҳам овардани шароити нав барои ҳамкориҳои иқтисодӣ миёни Тоҷикистону Тайланд зоҳир гардид.
Ҷонибҳо зарурати таҳкими равобити тиҷоратӣ миёни ду кишварро дар тавсеаи робитаҳои тиҷоратӣ, фароҳам овардани имкониятҳои сармоягузорӣ ва дастгирии корхонаҳои муштарак дар соҳаҳои муҳими саноат таъкид намуданд.
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan