Мулоқот бо сафири Туркия дар Тоҷикистон

09.02.2024 11:50

09.02.2024.11.51.jpg

9 феврали соли 2024 муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исматулло Насредин сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умут Аҷарро ба ҳузур пазируфт.

Зимни мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои мутақобилан судманди гуногунҷанба миёни Тоҷикистон ва Туркия баррасӣ гардид.

Ҳамчунин табодули афкор оид ба масоили минтақавӣ ва шарикӣ дар чаҳорчӯби қолабҳои бисёрҷониба сурат гирифт.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим