Вохӯрии сафир бо раиси Палатаи савдо ва саноати Беларус

07.02.2024 17:13

07.02.2024.17.16.jpg

7 феврали соли 2024 мулоқоти сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус Бахтовар Сафарзода бо раиси Палатаи савдо ва саноати Беларус Михаил Михайлович Мятликов баргузор гардид.

Зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистону Беларус, дурнамои тавсеаи робитаҳои соҳибкорӣ ва афзоиши гардиши мол, масъалаҳои ҳамкории Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Палатаи савдо ва саноати Беларус, инчунин натиҷаҳо ва нақшаҳои кории Шӯрои соҳибкорони Тоҷикистону Беларусро муҳокима намуданд.

 

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

 

 

Нигористон

Тақвим