Сафари расмии Президенти Афғонистон ба Тоҷикистон

10.05.2016 11:18

10 майи соли 2016 Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон  Муҳаммад Ашраф Ғанӣ бо сафари расмӣ вориди шаҳри Душанбе шуд.

Барои пешвози меҳмони олимақом майдони назди Қасри Миллат ба таври хоса омода гардида, ҷузъу томҳои Горди фахрӣ ва оркестри асбобҳои нафасӣ саф оростанд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон меҳмони олимақом, Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғаниро самимона истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи ифтихорӣ даъват намуд.

Маросими истиқболи расмӣ бо гузориши фармондеҳи Горди фахрӣ ва садо додани сурудҳои миллии ду кишвар шуруъ шуда, бо гузаштани якҷояи Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ аз назди ҷузъу томҳои Горди фахрӣ, арзи эҳтиром ба Парчами давлатии Тоҷикистон ва салому дуруди меҳмони олимақом ба афсарону сарбозон ва шиносоии сарони давлатҳо бо ҳайатҳои расмии Тоҷикистону Афғонистон ва ҳам бо корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон идома ёфт.

Маросими бошукӯҳи истиқболи расмӣ бо гузашти низомии Горди фахрӣ аз назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ба поён расид.

Баррасии масоили вобаста ба рушди муносиботи дӯстона ва ҳамкории мутақобилан судбахш дар мулоқоти хосаи Эмомалӣ Раҳмон ва Муҳаммад Ашраф Ғанӣ оғоз ёфт.

Сафари расмии Президенти Афғонистон ба Тоҷикистон

Сафари расмии Президенти Афғонистон ба Тоҷикистон

Нигористон

Тақвим