8 январи соли 2024 вохӯрии сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Абдураҳмон бо вазири ҷавонон ва варзиши Ҷумҳурии Озарбойҷон Фарид Гаибов баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳо, бахусус масъалаҳои мубрами густариши равобити дуҷониба дар соҳаи варзиш ва тарбияи ҷавонон муҳокима гардиданд.
Ҳамзамон ҷонибҳо омодагӣ ва ҳавасмандии хешро дар таҳким ва густариши ҳамкориҳои дуҷониба иброз дошта, баҳри рушди минбаъдаи он тадбирҳои мушаххас меандешанд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan