28 декабри соли 2023 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Бахтиёр Саидов суҳбати телефонӣ анҷом дод.
Зимни суҳбат вазирон оид ба натиҷаи муносибатҳои шарикии стратегӣ ва иттифоқии Тоҷикистону Ӯзбекистон дар соли 2023 ибрози қаноатмандӣ намуда, тамоюли босуръат густаришёбндаи онҳоро дар ҳамаи самтҳо қайд карданд.
Табодули афкор, инчунин роҷеъ ба танзими масъалаҳои вохӯриҳои сатҳи олии дарпешистода ва чорабиниҳои канорӣ дар ҳошияи онҳо дар самтҳои гуманитарӣ ва варзиш сурат гирифт.
Суҳбат дар фазои дӯстонаи анъанавӣ сурат гирифт.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan