Муносибатҳои Тоҷикистон бо Қирғизистон

27.06.2021 10:10

Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон 14 январи соли 1993 барқарор гаштаанд.

Равобити Тоҷикистону Қирғизистон бар пайвандҳои бисёрсолаи дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ асос ёфтаанд.

Тамосҳои сиёсӣ дар сатҳи олӣ ва баланд байни ду кишвар сурат мегиранд. Роҳбарони ду давлат борҳо аз кишварҳои якдигар боздидҳои расмӣ ва корӣ анҷом додаанд.

Муколамаи сиёсии байни ду кишвар густариш меёбад ва ҷиҳати равнақи бештари он абзорҳои лозим - Шӯрои ҳамоҳангсозии байнидавлатӣ, Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба баррасии маҷмӯи масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба, Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи Сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон ва Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ фаолият доранд.

Машваратҳои сиёсӣ байни роҳбарият ва воҳидҳои сохтории вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар мунтазам баргузор мегарданд. Ҷонибҳо Барномаи ҳамкории вазоратҳои корҳои хориҷиро барои солҳои 2021-2022 ба имзо расониданд.

Пояи қарордодиву ҳуқуқии муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 100 санадро дарбар мегирад.

Санадҳои асосие, ки самтҳои аслии ҳамкориро ба танзим медароранд ва дар он приниспҳои асосии муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон муайян шудаанд, Аҳднома оид ба муносибатҳои асосии байнидавлатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон аз 12 июли соли 1996 ва Аҳднома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба муносибатҳои некӯҳамсоягӣ ва ҳамшарикӣ аз 26 майи соли 2004 мебошанд.

Дар ҳоли ҳозир раванди баррасии масъалаҳои сарҳадӣ байни ду кишвар, аз ҷумла масъалаҳои таъйини ҳудуд ва аломатгузории сарҳади давлатӣ идома дорад, ки ҳалли он ба таҳкиму таъмиқи муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистон такони тоза хоҳад бахшид.

Кишварҳо чун анъана дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла СММ, ИДМ, СҲШ, СААД, САҲА ва МҲТЭО ҳамкориҳои зич дошта, аз таҷрибаи ҷонибдории ташаббусҳои байналмилалии ҳамдигар фаровон истифода мебаранд.

Дар соли 2018 Қирғизистон дар баробари 190 кишвари узви СММ қатъномаи Созмони Милали Муттаҳидро, ки бо ташаббуси Тоҷикистон зери унвони "Конфронси СММ оид ба бознигарии миёнамуддати фарогири ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, 2018-2028”, пешниҳод шуда буд, дастгирӣ кард.

Тоҷикистон лоиҳаи қатъномаро таҳти унвони “Табиат марзро намешиносад: ҳамкории фаромарзӣ - омили калидии ҳифз ва истифодаи устувори гуногунии зистӣ", ки бо ташаббуси ҷониби Қирғизистон дар  ҷаласаи 75-уми Маҷмаи Умумии СММ қабул гардид, ҷонибдорӣ намудааст.

Тоҷикистон бар он аст, ки принсипҳои дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷавории Тоҷикистону Қирғизистон, ки дар асоси он мардумони тоҷику қирғиз аз қадимулайём мезистанд ва меофариданд, минбаъд низ ба рушди пайвастаи тамоми муносибатҳои дуҷониба мусоидат хоҳанд кард.

Бино ба даъвати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 28-29 июни 2021 сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Содир Жапаров ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад, ки он ба густариши ҳамкории ду кишвар такони тоза хоҳад бахшид.

Нигористон

Тақвим