Муносибатҳои дуҷониба бо Словакия
Муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Словакия 4 феврали соли 1993 барқарор шуданд.
Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Словакия (бо қароргоҳаш дар Вена) Қаландар Идибек мебошад. Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Словакия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо қароргоҳаш дар Тошканд) Виктор Борисетский мебошад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдори рушди минбаъда ва тақвияти муносибатҳо бо Ҷумҳурии Словакия дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, фарҳангӣ ва ғайра мебошад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Словакия машваратҳои сиёсиро ба сифати абзори муҳим барои тақвияти муносибатҳои фарогир истифода мебаранд.
Ҳамасола дар доираи барномаи ҳукумати Словакия ба довталабони тоҷик бурсияҳо барои таҳсил дар риштаи магистратура аз рӯи соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт ва ҳаёти иҷтимоӣ пешниҳод карда мешаванд.
Дар муносибатҳои муосир алоқаҳои байнипарламентии ҳарду кишвар инкишоф меёбанд.
Пояи шартномавӣ-ҳуқуқии ҳамкории ду давлатро созишномакҳои байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ дарбар мегирад.
28 феврали соли 2023 дар шаҳри Братислава ба мақсади пайдо кардани шарикони тиҷоратӣ миёни соҳибкорон ва тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии ҳар ду кишвар аввалин Анҷумани соҳибкорони Тоҷикистону Словакия баргузор гардид.
Декабр, 2023