Таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон

13.11.2023 17:31

11 ноябри соли 2023 дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон чорабинӣ, бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо иштироки ҳамватанони бурунмарзии кишвари иқомат баргузор гардид.

Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон Ниятбекзода Вафо дар суханронии шодбошии худ қайд намуд, ки мардуми тоҷик Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро чун ҷашни фархунда, рамзи меҳру муҳаббату садоқат ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷлил менамоянд.

Сипас сафири Тоҷикистон бобати таърихи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санади муҳимми сарнавиштсоз - Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар он заминаи асосии давлатдории тоҷик дар даврони муосир тарҳрезӣ шудааст, сухан ронд.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим