Муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Беларус

01.03.2013 10:10

Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибатҳои дипломатиро бо Ҷумҳурии Беларус 5 сентябри соли 1996 барқарор намудааст.

Соли 1997 Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус таъсис ёфта, соли 2011 дар шаҳри Душанбе Сафорати Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият шурӯъ намуд.

Санадҳои бунёнгузоре, ки принсипҳои асосии муносибатҳои дуҷонибаро байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус муайян менамоянд, Аҳдномаи дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Беларус аз 5 апрели соли 2000 ва Аҳдномаи шарикии стратегӣ байни Тоҷикистон ва Беларус аз 27 июни соли 2019 ба ҳисоб мераванд.

Дар маҷмӯъ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус зиёда аз 90 аҳднома ва созишнома ба имзо расидааст, ки барои пешбурд ва таҳкими муносибатҳои мутақобилан судманд дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва дигар соҳаҳо созгор мебошанд.

Муносибатҳои Тоҷикистон ва Беларус дар марҳилаи муосир хислати рушди бомаромро ҳам дар сатҳи дуҷониба ва ҳам бисёрҷониба касб намуда, муколамаи фаъоли сиёсӣ дар сатҳи олӣ ба ин муносибатҳо такони мусбат мебахшад. Ҷиҳати густариши ҳамаҷонибаи ҳамкориҳо байни Тоҷикистон ва Беларус сафарҳои мутақобилаи сарони ду давлат нақши хосса доранд.

Чунончи, сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Беларус А.Г.Лукашенко ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 14-16 майи соли 2018 ва сафари расмии ҷавобии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Беларус 27-30 июни соли 2019 дар таърихи муносибатҳои ду кишвар саҳифаи навро боз намуданд.

Мавқеъҳои ҳар ду кишвар нисбат ба аксари масъалаҳои рӯзмарраи байналмилалӣ ва минтақавӣ ҳамсон ё наздик мебошанд. Ҳарду кишвар дар доираи созмонҳои бонуфуз ба монанди СММ, ИДМ ва СААД робитаҳои хубро ба роҳ мондаанд.

Робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Беларус хислати муваққатӣ надошта, ба ояндаи дарозмуҳлат равона гардидаанд.

Ба манзури пешбурди маҷмӯи муносибатҳои дуҷониба ва муайян намудани дурнамо ва рушди минбаъдаи он муносибатҳо фаъолияти комгори Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Беларус оид ба масъалаҳои ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ роҳандозӣ шудааст, ки ҷаласаи 13-уми он 16 апрели соли 2019 дар ш.Минск барпо гардид.

5 апрели соли 2021 дар Душанбе ҷаласаи 14-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Беларус оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ баргузор шуд.

Дар рафти мулоқот доираи васеи масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷонибаи тиҷоративу иқтисодӣ баррасӣ шуд.

Сарфи назар аз бӯҳронҳои молиявию иқтисодӣ дар ҷаҳон, ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистон ва Беларус хусусияти мусбат нишон медиҳанд. Беларус ва Тоҷикистон барои густариши минбаъдаи ҳамкориҳои муассир имкониятҳои хуб доранд.

Соли 2011 аз ҷониби Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Беларус Шӯрои тиҷоратии Тоҷикистон ва Беларус таъсис ёфт.

Ба густашири муносибатҳои фарҳангию гуманитарӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир мегардад. Баргузории ҳамоишҳои фарҳангии муштарак бо ширкати ходимони фарҳанг ва ҳунари ду давлат ба анъанаи нек табдил ёфтааст. Дар ин росто, мунтазам баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус муҳим арзёбӣ мешавад.

 

 

 

Нигористон

Тақвим