9 октябри соли 2023 мулоқоти сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдзода Зубайдулло бо муовини Сарвазир, вазири мудофиаи Давлати Кувайт Шайх Аҳмад Фаҳд ал-Аҳмад ас-Сабоҳ баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба маҷмӯи ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Давлати Кувайт дар соҳаҳои амният ва мудофиа табодули афкор намуда, ба тақвияти равобити амниятии ду кишвар таъкид намуданд.