6 октябри соли 2023 дар Боку мулоқоти сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Озарбойҷон Илҳом Абдураҳмон бо вазири илм ва маорифи Ҷумҳурии Озарбойҷон Эмин Амруллаев баргузор гардид.
Зимни мулоқот, ҳолати кунунӣ ва роҳҳои тақвияти ҳамкориҳо миёни Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи маориф ва илм баррасӣ гардида, раванди густариши он тавассути зиёд намудани шумораи донишҷӯён тариқи барномаҳои мубодила, бурсияҳои таҳсилӣ ва фаъол намудани абзори машваратии вазоратҳои маориф ва илми ду кишвар муҳокима гардид.
Ҳамзамон, ҷонибҳо сатҳи ҳамкориҳои мутақобиларо миёни вазоратҳо қаноатбахш арзёбӣ намуда, баҳри густариши ҳамкориҳои минбаъда ҳавасмандии зиёд намуданд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan