Мулоқот бо вазири экология ва захираҳои табиии Озарбойҷон

20.09.2023 11:56

20.09.2023.11.13.jpg

18 сентябри соли 2023 дар Боку мулоқоти сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Абдураҳмон бо вазири экология ва захираҳои табиии Ҷумҳурии Озарбойҷон, ҳамраиси Комиссияи байниҳукуматӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон оид ба масъалаҳои ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ Мухтар Бабаев баргузор гардид.

Дар рафти мулоқот доираи васеи масъалаҳои мубрами муносибатҳои Тоҷикистону Озарбойҷон дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ, ва ҳамзамон пайгирӣ ва татбиқи мувофиқаҳои зимни сафарҳои сатҳи олӣ бадастомада, тақвияти заминаҳои шартномавӣ-ҳуқуқӣ, танзими боздидҳо мавриди муҳокимаи ҷонибҳо қарор гирифтанд.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим