26 июли соли 2023 мулоқоти сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдзода Зубайдулло бо муовини вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт оид ба умури ҳуқуқӣ Ҳамад Рашид ал-Маррӣ доир гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Кувайт дар арсаҳои сиёсиву иқтисодӣ ва таҳкими пояи шартномавӣ-ҳуқуқиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҳамчунин дар ин рӯз мулоқоти сафир бо муовини вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт оид ба умури Осиё Самиҳ Исо Ҷавҳар Ҳаёт доир шуд.
Дар мулоқот ҷонибҳо атрофи масоили мавриди эҳтимоми муштарак табодули афкор намуданд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan