Супоридани нусхаи эътимоднома ба вазири корҳои хориҷии Туркманистон

28.06.2023 14:12

27 июни соли 2023 сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон Ниятбекзода Вафо Алибек ба муовини раиси девони вазирон, вазири корҳои хориҷии Туркманистон Мередов Рашид нусхаи эътимодномаи худро супорид.

Пас аз супоридани нусхаи эътимоднома, мулоқоти сафир бо вазири корҳои хориҷии Туркманистон баргузор гардид. Дар мулоқот ҷонибҳо масоили муҳимми рӯзномаи ҷории муносибатҳои Тоҷикистону Туркманистонро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҷонибҳо ҳамчунин оид ба дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ-иқтисодӣ, фарҳангу гуманитарӣ, илм ва дигар бахшҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули афкор намуданд.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим