26 июни соли 2023 мулоқоти сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдзода Зубайдулло бо муовини Сарвазир, вазири мудофиаи Давлати Кувайт Шайх Аҳмад ал-Фаҳд ал-Аҳмад ас-Сабоҳ доир гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба маҷмӯи ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Давлати Кувайт дар соҳаҳои амният ва мудофиа табодули афкор намуда, ба муҳиммияти тақвияти равобити амниятии ду кишвар, алалхусус дар самти мубориза бо зуҳуроти терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии силоҳу маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ таъкид намуданд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan