24 майи соли 2023 муовини вазири корҳои хориҷӣ Музаффар Ҳусейнзода ҳамоҳангсоз оид ба Осиёи Марказӣ, вазири ваколатдори Италия Ҷанлука Грандиро ба ҳузур пазируфт .
Зимни мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба тавсеа ва рушди муносибатҳои дуҷониба, аз ҷумла дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, инчунин дар ҳошияи қолаби С5+1 мубодилаи афкор намуданд.