28-29 марти соли 2023 бо ибтикори муштараки Вазорати федеролии корҳои хориҷӣ ва Вазорати федеролии иқтисод ва ҳифзи иқлими Олмон конфронси байналмилалии сатҳи баланди “9-умин муколамаи Берлин-2023 оид ба гузариши энергетикӣ” баргузор гардид.
Дар ин ҳамоиш вазирон, ҳайатҳои сатҳи баланди беш аз 90 кишвари ҷаҳон, намояндагони бахши соҳибкорӣ, ширкатҳои бонуфузи истеҳсолкунандаи нерӯи барқ аз манбаъҳои тозаи экологӣ ва нерӯи таҷдидпазир, ҳамчунин муассисаҳои илмиву тадқиқотӣ, коршиносон, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳудуди 2000 иштироккунанда таҳти шиори “Гузариши энергетикӣ - таъмини ояндаи сабз” дар шаҳри Берлин ба ҳам ҷамъ омаданд.
Давоми ду рӯз ҳайатҳо дар атрофи стратегияҳои табдили оқилонаи системаҳои энергетикии ҷаҳонӣ ба бетарафии иқлим, гузариш ба нерӯи сабз ва пешгирии паёмадҳои тағйирёбии иқлим мулоқот ва табодули андеша намуданд.
Дар доираи Муколамаи Берлин вохӯриҳои Сафири Тоҷикистон бо роҳбарони ҳайатҳои кишварҳои мухталиф ва оҷонсиву ширкатҳои фаъолияташон ба самти нерӯи таҷдидпазир равонагардида, доир шуданд.
Имомуддин Сатторов таваҷҷуҳи ҳамсӯҳбатонро ба ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон дар самти пешгирии тағйирёбии иқлим, ҳифзи муҳити зист ва пиряхҳо, ҳамчунин Конфронси таърихии оби СММ-2023 дар Ню-Йорк бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷалб кард.