Брифинги ҷамъбастии Конфронси оби СММ-2023 дар Брюссел

29.03.2023 15:21

29 марти соли 2023 намояндаи доимии Словения сафир Изток Яртс, намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Иттиҳоди Аврупо сафир Эркинхон Раҳматуллозода, муовини мудири кулли Директорати генералӣ оид ба шарикии байналмилалии Комиссияи Аврупо хонум Маржета Ягер ва кордори Сафорати Нидерландҳо дар Белгия бо ҳузури роҳбарони корпуси дипломатии муқими Брюссел бахшида ба натиҷаҳои Конфронси оби СММ оид ба баррасии миёнамуҳлати фарогири татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028, брифинги ҷамъбастӣ баргузор намуданд.

Сафири Тоҷикистон мазмуни Рӯзномаи Амал оид ба обро шарҳ дода, изҳор дошт, ки тақрибан 700 уҳдадориҳои пешниҳодшудаи давлатҳои узви СММ ба ҳифзи “сарвати арзишманди умумиҷаҳонии инсоният” такя мекунанд ва ба сӯи ҳадафҳои муайяни глобалӣ, аз ҷумла Ҳадафҳои рушди устувор 6 равонаанд.

Бо истифода аз фурсати муносиб, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аҳамияти ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат дар соҳаи об, инчунин доир ба иқдоми ҷадиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди қатъномаи «Соли 2025 - Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» маълумот манзур намуда, ҳозирини нишастро ба Конфронси навбатӣ оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии оби соли 2024 ва Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳои соли 2025, ки дар Душанбе баргузор хоҳанд гашт, даъват кард.

Нигористон

Тақвим