Ҳамкории Тоҷикистон бо Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх

08.07.2019 09:10

Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх (ICRC) фаъолияти худро дар Тоҷикистон соли 1992 оғоз намуда, моҳи январи соли 1993 дар Душанбе дафтари худро боз кард. Моҳи июни соли 2003 Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва КБСС ба имзо расид. Моҳи январи соли 2024 ҷаноби Пйер-Эмманюэл Дюкруэ роҳбари Намояндагии КБСС дар Тоҷикистон таъйин шуд.

Яке аз самтҳои асосии ҳамкориҳои Тоҷикистон ва КБСС мусоидат ба ташвиқ ва таҳкими дониши ҳуқуқи байналмилалии башардӯстона (IHL) дар байни сохторҳои давлатӣ, нерӯҳои мусаллаҳ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва доираҳои илмии кишвар, инчунин ҷорӣ намудани меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ба қонунгузории миллии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Самти дигари ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону КБСС ин дастгирии афроде, ки аз минтақаҳои муноқиша ба Тоҷикистон бозгардонда шудаанд, аз ҷумла расонидани кӯмаки равонӣ ва иҷтимоӣ ба онҳо мебошад. Барномаи солимии равонӣ ва дастгирии равонӣ-иҷтимоии КБСС аз дастгирии равонии инфиродӣ ва гурӯҳӣ иборат буда, инчунин ба баланд бардоштани иқтидори занон ва кӯдаконе, ки аз минтақаҳои муноқиша бармегарданд, мутахассисони хадамоти таъҷилӣ ва кормандони соҳаи тиб дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон равона шудааст.

КБСС Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистонро ҳамчун шарики асосии худ дар кишвар барои таҳкими тавонмандии худ дар вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодда дастгирӣ мекунад. Дар ин робита КБСС дар самти омодагӣ ва вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодда бо мақомоти дахлдори давлатӣ, аз қабили Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории зич дорад.

Илова бар ин, Тоҷикистон ва КБСС дар ин баланд бардоштани сифати истеҳсоли протезу ортезҳо барои маъюбон ҳамкорӣ менамоянд. Дар доираи ин самт КБСС Корхонаи давлатии Заводи протезию ортопедӣ (КД ЗПО)-ро тавассути таъмини таҷҳизот, мавод ва омӯзиши кадрҳо барои филиалҳои минтақавии КД ЗПО дар Хуҷанд, Кӯлоб ва Хоруғ дастгирӣ мекунад.

 

Нигористон

Тақвим