Мулоқоти муовини вазири корҳои хориҷӣ бо раиси Шӯрои директорони Палатаи савдо ва саноати Умон

31.03.2023 08:30

31,03,2023,8,19.jpg

29 марти соли 2023 муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳусейнзода Музаффар бо раиси Шӯрои директорони Палатаи савдо ва саноати Умон Шайх Файсал бин Абдуллоҳ Ал-Равос мулоқот намуд.

Дар мулоқот масъалаҳои ҷалби сармоягузорони умонӣ ба татбиқи лоиҳаҳои иқтисодии Тоҷикистон, афзоиш додани ҳаҷми табодули тиҷоратӣ байни ду кишвар, инчунин баргузории форумҳои соҳибкорӣ ва намоишгоҳҳои маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ гардиданд.

Нигористон

Тақвим