Ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Ташкилоти Оғохон оид ба рушд дар Тоҷикистон (AKDN)

01.03.2013 10:10

Ташкилоти Оғохон оид ба рушд (AKDN) дар Тоҷикистон фаъолияти худро аз соли 1992 оғоз намуда, дар самтҳои гуногуни рушд бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорӣ намуда истодааст.

AKDN лоиҳаҳои зиёди байнисарҳадиро роҳандозӣ намуда, баҳри мусоидат ба ҳамкории минтақавӣ кӯшиш ба харҷ дода истодааст. Дар ин самт AKDN дар сохтмони чор пули миёни сарҳади Тоҷикистону Афғонистон кӯмак расонида, дар соҳаҳои тандурустию маориф ва сармоягузорӣ низ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориро ба роҳ мондааст. Яке аз иқдомоти охирини Ташкилоти Оғохон оид ба рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳо дар соҳаи маориф, аз ҷумла таъсиси Мактаби маълумоти касбии олӣ ва рушди синни томактабии кӯдак, инчунин ташаббусҳо дар соҳаи тандурустӣ, маблағгузорӣ дар соҳаи энергетика, молияи хурд, телекоммуникатсия, сайёҳӣ ва фарҳанг ба шумор мераванд.

Ҳоло, AKDN тавассути ҳашт сохтор ва оҷонсиҳои фаръии худ, аз ҷумла ширкати Помир Энерҷи, Т-cell ва ғ. идомаи фаъолият дорад.

Ҷиҳати боз ҳам тавсеа додани ҳамкории Ташкилот бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2017 сафари шоҳдухтар Заҳро Оғохон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом ёфт. Шоҳдухтар Заҳро Оғохон дар AKDN ба рушди соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва хадамоти иҷтимоӣ машғул буда, зимни сафар мулоқоти судманд бо намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор намуд.

Айни ҳол намояндаи доимии AKDN дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Қозидавлат Қоимдодов мебошад.

Нигористон

Тақвим