23 марти соли 2023 мулоқоти сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода бо муовини вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт, сарпарасти самти Осиё Самеҳ Ҷавҳар Ҳаёт баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои таҳкими равобит байни Тоҷикистону Кувайт дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, сайёҳӣ, саноат ва таҳкими пояи шартномавӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд.
Ҳамчунин, перомуни масъалаҳои мубрами ҷаҳонӣ ва ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули назар сурат гирифт.